Роҳҳо, нақлиёт ва хизматрасонӣ
Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Симои Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ таѓйир меёбад. Дар баробари пайдошавии биноҳои хуштарҳу намоён ва замонавӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои дигари хоҷагии пойтахт дигаргуниҳои зиёде ба мушоҳида мерасад, ки вобаста ба инмуносиботу тарзи нави хоҷагидорию ташкилиро тақозо дорад. Пеш аз ҳама, имрӯзҳосоҳаи роҳу нақлиёти маркази кишвар ба ислоҳоту таваҷҷӯҳи бештар ниёз дорад, зеро маҳз ҳамин бахш метавонад ба пешрафт ё баръакс коҳиши дигар соҳаҳо таъсир расонад. Тартиб ва танзими соҳаи роҳу нақлиёт ба рушди истеҳсолот, ѓанӣ гардидани бозори дохилӣ, нарху навои бозору марказҳои савдо, умуман беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат мекунад. Дар акси ҳол, ҳама соҳоти зикршуда рӯ ба таназзул ниҳода, то ба вайрон гардидани муносибатҳои ҷомеа оварда мерасонад. Имрӯз афзоиши босуръати теъдоди наклиёти мухталифи автомобилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳоле босуръат афзоиш меёбад, ки роҳу кӯчаҳои пойтахт чун солҳои пештара қарор дорад. Ин ҳолат мутахассисону масъулон ва шаҳрвандони пойтахтро нигарон кардааст. Дар робита ба ин проблемаи ҷиддӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз олимони андешаманди соҳа, ки борҳо мавзӯи роҳҳои автомобилгард ва ислоҳи проблемаҳои ҷойдоштаи соҳаро тавассути Воситаҳои ахбори омма таҳлилу баррасӣкардаву пешниҳодоти ҷолиб менамояд ҳамсӯҳбат шуд. Сардори Муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Душанбе», номзади илмҳои иқтисодӣ Абдумаҷид Шарифов ба саволҳои мо посух дод:
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара