Интихобот дар Қӯрғонтеппа

            Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 10 август дар ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид. Дар он намояндаи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон Саодат Амиршоева бо 61 ҳазору 365 ё 95,2 фоизи раъйи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Читайте также