Ришвахӯр дастгир шуд

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шаҳрванд «М» бо аризаи шикоятӣ муроҷиат карда хабар дод, ки барои дохил намудани ду нафар балитсейи касбии техникии шаҳри Душанбе муовини директори литсей, ҳамзамон котиби масъули комиссияи қабул Амрихудо Назриддинов аз ӯ 600 доллари амрикоӣ пора талаб намудааст.

Читайте также