Дар Ишкошим 103 гектар замини нав ба истифода дода шуд

Душанбе/Ишкошим/.28 июл. (АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).- Дар ҷамоати деҳотиИшкошими ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон 103 гектар замини нав обёрӣ карда шуда, ба истифода дода шуд. Ин заминҳо бо вуҷуди он, ки дар назди канали селексионӣ воқеъ буд, аммо ба ин мавзеъ об намерасид. Мавриди зикр аст, ки соли равон аз Хазинаи эҳтиётии Президенти ҷумҳурӣ барои азнавсозии ин иншооти муҳими обёрикунанда 303 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Идораи хоҷагии обивилоят дар ҳамбастагӣ бо мардум баҳори соли 2008ба таъмири канали Селексионӣ, ки дарозиаш 27 км –ро ташкил медиҳад, оғоз намуданд. Дар натиҷаи таъмири ин канал 103 гектар замин обёрӣ карда шуд.

Читайте также