Шумораи ақди никоҳ меафзояд

Душанбе, 24 июл. (НИАТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).-Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 157 587 санадро ба қайд гирифтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 836 санад зиёд мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшаной Умарова хабар дод. 

Читайте также