Қонуншиканиҳо ошкор карда шуданд

Душанбе,24 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилооти назди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ дарҶамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком”, Ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи “Вавилон-М”, «Телепорт-Д», «ТТ-Мобайл», «Компюворлд», Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳуди «Телеком Инк», «Евразия Линк», ташкилоти ғайридавлатии «Дисковери Глобал» ва соҳибкорони инфиродӣБ. Мӯсоев , Ш. Авезов, С. Муҳиддиноватибқи нақша 12 санҷиш гузаронида, санадҳо ва қарорҳои дахлдорро таҳия намуданд.

Читайте также