Соҳибкори қаллоб дастгир гардид

Душанбе 23 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар натиҷаи тафтиши кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ маълум шуд, ки соҳибкор Тошмурод Ҷӯраев сокини ҷамоати деҳоти «Мирзо-Ризо»-и ноҳияи Ҳисор соли 2007 ба ҷумҳурӣ масолеҳи сохтмонӣ оварда, ба нозироти андози ноҳия дар бораи даромадаш маълумоти бардуруғ пешниҳод карда, 104 904 сомонӣ маблағи андозро пинҳон кардааст. Маблағи зарари мазкур дар рафти тафтиш пурра ба ҳисоби давлат баргардонида шуд.

Читайте также