Қаллобон фош карда шуданд
Душанбе 23 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар натиҷаи тафтиши кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сармуҳандиси Муассисаи давлатии ҳифзу муроқибати роҳҳои мошингарди ноҳияи Дарвоз Раҳматшо Саидов ва сармуҳосиби ҳамин муассиса Давлатмамад Ликоев аз вазифа сӯистифода карда, бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба иҷора додани амволи давлатӣ» амал намуда, бе розигии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати нақлиёт ва коммуникасияи ҷумҳурӣ тракторҳои тамғаи Т-330 ва ДЗ-59 ХЛ-ро ғайриқонунӣ ба иҷора дода, бо ин кирдорашон ба давлат ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара