Озмуни «Орифа» байни ҷавондухтарон

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –Дирӯз дармаркази ҷумҳуриявии ҷавонон - «Ориёно» дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бахшида баҷашнҳои пуршукӯҳи Соли Забони тоҷикӣ ва 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдӯллоҳи Рӯдакӣ озмуни илмию маърифатии «Орифа» баргузор шуд.Дар озмун духтарон аз 10 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тавре аз дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмун аз рӯишартҳои кадбонуи беҳтарин, сару либоси зебо, қироати шеър ва ҷавоб ба суолҳо сурат гирифт. Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи мазкурсарфароз гардонида шуданд.

Читайте также