Омодагӣ ба «Бозиҳои Олимпии Пекин - 2008»

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо сарпарастии ширкати «Beeline» тамоми имконотро барои варзишгарон, аз қабили сафарбар намудан ба мусобиқоти байналмилалӣ ва ташкил кардани машқҳои дастаҷамъӣ фароҳам месозад.Ҳамаи ин тадбирҳобо мақсади ба даст овардани ҷоизаҳои «Бозиҳои Олимпии Пекин -2008» андешида шудаанд, гуфта шуддар нишасти матбуотии КМО Тоҷикистон. Ҳамчунин зикр гардид, ки айни ҳол дар маҷмӯъ 13 нафар варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шералӣ Достиев дар вазни 48 килограм (бокс), Анвар Юнусов дар вазни 51 килограм (бокс), Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 81 килограм (бокс), Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Галина Митяева (гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо), Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Алишер Чингизов (шиноварӣ), Екатерина Измайлова (шиноварӣ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Виталий Корякин (гӯштини озод), Шералӣ Бозоров дар вазни 81 килограм (дзюдо) ва Неъматулло Асронқулов дар вазни 90 килограм (дзюдо) соҳиби роҳхати «Олимпии Пекин-2008» гардидаанд. Президенти КМО Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев чунин муваффақиятҳои варзишгаронро дар амал татбиқ шудани барномаҳои кумита дар давраи чорсолаи омодагии варзишгарони тоҷик ба бозиҳои «Олимпии Пекин-2008» арзёбӣ намуд.

Читайте также