Нуробод дар водии Рашт пешсаф аст

Душанбе, 7 май. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Хоҷагиҳои деҳқони ( фермерӣ)- и ноҳияи Нуробод соли ҷорӣ кишти баҳориро пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд. Тибқи нақшаи пешбинишуда, соли ҷорӣ барои кишти баҳории зироатҳо 1 ҳазору 28 гектар замин ҷудо гардидааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) то 5 майдар майдони1 ҳазору 261 гектар кишти зироатҳои баҳориро анҷом доданд, ки 903 гектари онро гандуми баҳорӣ ташкил медиҳад.

Читайте также