Ёздаҳ амалиёти махсуси сарҳадбонон

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавҷуда Давлатзода).- Шаби 16 ба 17 апрели соли 2008, соати 5 субҳ сарҳадбонони отряди сарҳадии Панҷ дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи амнияти ноҳия як махфигоҳи қочоқчиёнро ошкор намуданд. Аз дохили махфигоҳ 10 баста маводи сахттаъсири героин, 20 адад норинҷаки РГД-5 бо запалҳояш, 6 адад қурсаи тротилӣ (тротиловая шашка), 3 адад тирҳои мушакӣ (ракетница), 866 дона тири қутраш 7,62, 128 дона тири пулемети «Калашников», 7 тирдони автомати «АКМ», 129 дона тири қутраш 5,45 дарёфт гардид.

Читайте также