Шахси мансабдори давлатӣ пора дод

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯйӣ, як ҷинояти додани пораро аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ошкор намуданд. Нозири калони Хадамоти карантинӣ ва фитосанитарии истгоҳи Хонақоҳи ноҳияи Ҳисор Юсуф Абдуллоев бо гуноҳи ба корманди Агентии мазкур пешниҳод намудани 6000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба даст афтодааст.

Читайте также