Бахшида ба 130-солагии устод Айнӣ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Неъматуллои Нурулло).-Директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Сайфиддин Назарзода дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки корҳои муқаддамотӣ барои дар сатҳи назаррас таҷлил намудани ҷашни 130-солагии устод Садриддин Айнӣ дар пажӯҳишгоҳи мо идома дорад. Донишмандони пажӯҳишгоҳ ба ифтихори ҷашни ин қаҳрамони миллати тоҷик маҷмӯаи асарҳои устодро дар ду ҷилд ва маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи илмиву амалӣ, ки дар назар аст ҷашн дар миёнаҳои моҳи апрел дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ баргузор гардад, барои чоп омода мекунанд.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара