Ришвахӯрон дастгир шуданд
Шаҳрванд Хуршед Солиев, корманди маркази дилерии «Вавилон»-и шаҳри Конибодомбе пардохтҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и шаҳри Конибодом аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон99 дона қолинҳои истеҳсоли ин ҷумҳуриро бо маслиҳати пешакӣ бо нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и шаҳри Конибодом Алиҷон Ҳасанов ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд. Ҳамин тариқ, А. Ҳасанов аз шаҳрванд «С» барои гузаронидани қолинҳои номбурда аз дидбонгоҳи гумрукӣ, ба сифати пора, ба маблағи 1500 сомонӣ талаб намуда, дар асоси он ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб медиҳад. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳаракатҳои Х. Солиев аломати ҷиноятии дар моддаи 320 - и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳаракатҳои А. Ҳасанов аломатҳои ҷиноятии дар моддаҳои 319 ва 323-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад. Нисбати онҳо аз тарафи шӯъбаи дар вилояти Суғд будаи Раёсати Агентии мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, чораҳои пешакӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардида, тафтиш давомдорад.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара