«Қасри варзиш» чӣ ҳол дорад?

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Неъматуллои Нурулло). -«Қасри варзиш» мансуб ба Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳоли хароб дорад. Дӯстдорони варзиш аз роҳҳои дуру наздик ба ин ҷо омада, тирезаҳои шикаста, ҷо-ҷойи деворҳои рехта, сеткаи фарсудаи«футболи хурд» ва гандбол, лавҳаю навиштаҳои дарида ва ба забони ғайр навиштаро дида, хиҷил шуда, аз роҳашон бозмегарданд. Чанд наврасу хонандае, ки дар дохили он ба бозии «футболи хурд» машғул буданд, гуфтанд, ки мо боре ҳам надидаем, ки ин ҷоро таъмир карда бошанд, гарчанде мусобиқаҳои гуногуни варзишии шаҳрӣ ва баъзан ҷумҳуриявӣ низ гузаронида шаванд…

Читайте также