Нўшокиҳои нави ташнашикан

Истаравшан, 27 декабр. ( АМИТ «Ховар», С.Махкамов).- Бино ба иттилои муовинидиректори корхонаи муштараки «Оби зулол» Файзулло Носиров, аҳли заҳмати корхона дар арафаи Соли нави 2008 ду навъи нави нӯшобаро истеҳсол карданд. Инҳо чойҳои сиёҳ ва кабуд бо тамъи лимӯ ва мева буда ,дар зарфҳои 0,5 литра пешкаши муштариён гардонида шудааст. Маъмурияти корхона ният дорад, ки баробари истеҳсоли чойҳои ташнашикани хушбӯй боз истеҳсоли обҳои гуногунимаъданиву мевагӣ, пепсӣ ва ғайраро низ ба роҳ монад.

Читайте также