Тўҳфаҳои идона ба бачагони бесаробон

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» дар арафаи иди Қурбон ва Соли нав ба тарбиягирандагони мактаб – интернати махсуси бачагони нобинои Исфара, созмони ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон» - и шаҳри Душанбе, мактаб – интернати назди назди мактаби миёнаи рақами 2 - юми деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва мактаб – интернати ҷумҳуриявии бачагони бесаробони ноҳияи Тавилдара ба маблағи 7 ҳазору 930 сомонӣ кӯмаки хайрия расонд.Сардори раёсати бонк Абдухолиқ Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба тарбиягирандагони мактаб – интернати бачагони нобинои шаҳри Исфара 150 тӯҳфаи идона супорида шуд.

Читайте также