Консерти Иосиф Кобзон дар Душанбе
Душанбе. 7 ноябр, (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Устоди эстрадаи шӯравӣ, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон 20 ноябр дар Кохи Ваҳдат консерт медиҳад. Дар ин бора директори генералии Муассисаи давлатии консертии «Базморо» - и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Олим Акрамов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Вай зикр кард, ки Иосиф Кобзон имсол дар бисёр шаҳрҳо ва мамлакатҳои ИДМ ва мамлакатҳои хориҷӣ силсилаи консертҳои идона медиҳад. Ӯ баъди консерти навбатӣ дар пойтахти Туркманистон ба шаҳри Душанбе меояд. Ҳамроҳи ӯ ансамбли академии суруд ва рақси Вазорати корҳои дохилии Русия ва гурӯҳи хорсароён ба Тоҷикистон меоянд. Барномаи консертии И.Кобзон аз сурудҳои замони шӯравӣ ва асарҳои мусиқии имрӯза иборат аст. Барандаи консерт ҳунарпешаи маъруфи телевизиони Русия Светлана Моргунова мебошад.11 сентябри соли равон Иосиф Кобзон 70 - сола шуд. Ӯ барандаи ҷоизаҳои сершумор ва соҳиби унвонҳои мухталиф мебошад.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара