Машварати ҷумҳуриявии пахтакорон
Спитамен, 12 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ).- Дар хоҷагии ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен машварати ҷумҳуриявии мутахассисони соҳаи пахтакорӣ баргузор гардид.Дар он раиси Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Толиб Набиев, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сардори давлат , мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд , олимони соҳаи пахтакорӣ корхонаҳои муштарак ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни машварат дар масъалаи ба даст овардани ҳосили фаровони пахта дар шароити иқлими қисмати шимолии мамлакат табодули назар намуданд. Онҳо инчунин дар хоҷагии мазкур бо 17 навъи пахта шинос гардиданд, ки дар хоҷагиҳои вилояти Суғд парвариш карда мешаванд. Бояд гуфт, ки чигити баъзе навъҳои пахта аз Туркия, Австралия , Булғористон ва мамлакатҳои дигар оварда шудаанд. Хусусияти парвариш ва ҳосилнокии онҳо аз ҳамдигар фарқи калон дорад.Муовини аввали сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустамҷон Раҳимов зикр намуд, ки алҳол дар бораи афзалияти парвариши ин ё он навъи пахта дар шароити вилояти Суғд сухан рондан ҳанӯз барвақт аст. Барои ин хулосаи мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ зарур мебошад. Вай зикр кард, ки соли 2006 дар вилояти Суғд аз ҳар гектар пахтазор 17,4 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара