Хонаҳои харобгардида барқарор карда мешаванд
Ашт, 12 сентябр .( АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ).- Дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт ҳашт оила ба хонаҳои нав кӯчид. Хонаҳои онҳо дар натиҷаи омадани сел комилан хароб гардида буд. Дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Ошоба Алиҷон Тошматов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Тавре хабар дода шуда буд, дар натиҷаи омадани сел дар ноҳия 12 кас ҳалок , 8 кӯпрук ва масоҳати калони киштзор , инчунин иншооти обрасонӣ , хатҳои интиқоли барқу алоқа ва роҳҳо хароб гардиданд. Фалокати табиӣ ба иқтисодиёти ноҳия ба маблағи бештар аз 1,5 миллион сомонӣ зарар расонд.Ҳукумати ҷумҳурӣ то имрӯз барои бартараф сохтани оқибати фалокат ба зарардидагон 18 ҳазор сомонӣ кӯмак расонд. Дар муддати кӯтоҳ 6 километр роҳи мошингард, зиёда аз 2 километр хати обрасонӣ, 6 километр хати интиқоли барқ ва чор километр хати алоқа барқарор карда шуданд. Ҳукумати мамлакат ба ҳар оилаи зарардида аз 500 то 1000 сомонӣ кӯмак расонд.Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ба онҳо як халтагӣ орду биринҷ, 20 килограмм равған ва 400 сомонӣ кӯмак расонд. Бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зарардидагон 2 тонна шакар, равған ва биринҷ , инчунин 7 тонна орд фиристода шуд. Ғайр аз ин барои сохтмони хонаҳои нав ба ҷои хонаҳои харобгардида 144 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Масоҳати хонаҳои нав 28 метри мураббаъ буда, дорои 8 сотих замини наздиҳавлигӣ мебошадБа зарардидагон бонкҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои алоқати телефонии «Билайн» ва «Сомонком» кӯмак расонданд.Алиҷон Тошматов афзуд, ки барои барқарор сохтани кӯпрукҳои харобгардида камаш 80 ҳазор сомонӣ ва барои тармими иншооти обрасонӣ 10 ҳазор сомонӣ зарур аст. Инчунин барои мустаҳкам намудани соҳили дарё маблағи зиёд сарф карда мешавад, гуфт ӯ дар хотима.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара