Пешниҳоди ҶМДК

          13 август Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё розӣ шуд, ки ба омодагирӣ ба мулоқоти дуюми байникуриёгӣ, ки бояд 28-30 август дар шаҳри Пхенян баргузор гардад, шурӯъ намояд. Тавре вазорати муттаҳидсозии Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ дод, «субҳи имрӯз Шимол тавассути телефон ба мо пешниҳод намуд, ки мулоқотро субҳи 14 август дар меҳмонхонаи «Чанамсан»-и шаҳри Кэсон доир намоем. Мо ин пешниҳодро қабул дорем».Қаблан Пхенян пешниҳоди Сеулро дар мавриди 13 август ташкил намудани мулоқоти байни Ким Чен Ир ва Но Му Хен, бе тавзеҳи сабабҳо, рад карда буд. Ҳамчунин пешниҳоди дар шаҳри Сеул гузаронидани гуфтушуниди дуввуми роҳбарони ҳар ду кишвар рад шуда буд. Гуфтушуниди аввал соли 2002 дар шаҳри Пхенян баргузор гардида буд.Рейтер-АМИТ «Ховар»

Читайте также