26 килограмм афюн – дар обдон
Душанбе, 24 июл. ( Анварбек Сиддиқов, АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯии фаврӣ сокини деҳаи Лангари ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғдро дастгир намуданд. Аз хонаи ӯ дар маҳаллаи 34- уми шаҳри Хуҷанд обдоне пайдо гардид, ки дар дохили он 8 дона бастаи селлофании дорои бӯи махсус пинҳон карда шуда буд.Дар ҷараёни чорабиниҳои иловагӣ боз як сокини ноҳияи мазкур дастгир гардид, ки ӯ бо ин воқеа алоқаманд будааст. Ҳангоми тафтиши хонаи ӯ дар шаҳри Хуҷанд қуттии картоние пайдо гардид , ки дар он се бастаи дорои маводи нашъадор мавҷуд буд.Бино ба хулосаи озмоишгоҳи муоинаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадор дар вилояти Суғд , маводи мусодирагардида иборат аз афюни хом мебошад, ки вазни умумии он беш аз 26 килограммро ташкил медиҳад.Шӯъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъадор аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, ҳамаи дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадор дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара