Барқияи шодбош
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 июл ба унвони Президенти Ҷумҳурии Белорусия Александр Лукашенко барқияи шодбош фиристод, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:«Александр Григоревичи мӯҳтарам, Шумо ва дар симои Шумо тамоми халқи Белорусияро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Белорусия самимона табрик менамоям.Мо ба қадри дӯстӣ ва ҳамкории бисёрсолаамон мерасем, ки халқҳои моро ба ҳамдигар мепайванданд ва онҳоро бо нерӯю имкониятҳои нави ҳамкорӣ ҳамаҷониба таҳким бахшида ва афзунтар хоҳем гардонд.Тоҷикистон рушди ҳамкории дуҷонибаи самарабахшро ҳамаҷониба тарафдорӣ карда, густариши ҳамкорӣ ва муносибатҳои худро бо Белорусия ҳамчун ҷараёни муҳим ва самарабахш шуморида, ҷонибдори боз ҳам бештар вусъат додани он мебошад.Дар ин рӯзи фараҳбахш бо камоли хурсандӣ ба Шумо, Александр Григоревичи мӯҳтарам, сиҳатии комил, хушбахтӣ ва ба халқи бо мо дӯсти Белорусия сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».Дар ин бора аз дафтари матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. тарҷумаи АМИТ "Ховар"
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара