Хадамоти гумрук нақшаи давлатро ба 108,5 % расонид

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2008 ба хазинаи давлат ба ҷои 715,9 млн. сомонӣ 776,4 миллион сомонӣ ворид намуд, ки он аз нақша 60,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 108,5 фоизи нақшаро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба маблағи 272,1 миллион сомонӣ зиёд аст»,-зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ 17 июл муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматбой Раҳматов.

Читайте также