«Газпром» дар Душанбе қароргоҳашро месозад

            Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонбо Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Зарубежнефтгаз» - и ширкати «Газпром»-и Русия дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо директори генералии ҷамъияти мазкур Валерий Гулев баррасӣ шуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев воридшавии ин ширкатро дар бахши азхудкунии канданиҳои зеризаминии Тоҷикистон, хусусан бурриши конҳо ҷиҳати истихроҷи гази табиӣ, ки дар асоси мувофиқатномаҳои Сарони ҳарду кишварҳоба дастомада, сурат мегирад, шодбош намуд. М Убайдуллоев изҳори боварӣ кард, ки дар тӯли 9 соли татбиқи лоиҳа, амали мазкур ҳадафрас анҷом гирифта, эҳтиёҷот ва дастрасии муштариён ба гази табии ватанӣ қонеъ гардонида мешавад.

Читайте также