Мулоқоти М. Убайдуллоев бо М. Енча

             Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Зимни мулоқоти худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча таъсиси Марказиминтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунандаро дар Осиёи Марказӣ, яке аз иқдомҳои наҷиби СММ номида, бо қаноатмандӣ саҳми бонуфузтарин институти умумибашарӣ - Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳамзистиву ҳамоиши ҷомеаи ҷаҳонӣ нек арзёбӣ кард.Мавсуф зикр сохт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша нақши СММ-ро дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ муассир медонад.

Читайте также