Созишнома ба имзо хоҳад расид
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфтушуниди коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба мутобиқакунонии лоиҳаи Созишнома "Оид ба канорагирӣ аз андозабандии дукарата ва саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя" гуфтушунид гузаронида шуд.Аз раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, ки гуфтушунид дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, оид ба Созишномаи тарафайн ба мувофиқа омаданд. Сардорони гурӯҳи корӣ тартиби маросими ба имзорасонии Созишномаро қонунӣ намуда, тарафгузорӣ намуданд ва барои ҳар чи зудтар тайёр намудани маросими имзои Созишномаи мазкур ба як қарор омаданд.
Читайте также
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты
- Встреча спикера таджикского парламента с главой Нацкомитета по правам человека Катара