Шафофият дар доираи САҲА

Душанбе, 28 июн. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – 29 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон –шаҳри Остона, дар мавзӯи«Шафофият дар доираи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА)»иҷлосияи ин созмони бонуфуз баргузор мегардад.Тавре аз Бюрои дар шаҳри Душанбе будаи САҲА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин ҷамъомад, ки бори аввал дар Осиёи Марказӣ доир мегардад,иштирокивакилони парлумони 56 кишвар дар назар дошта шудааст. Онҳо масъалаҳои идораи захираҳои обӣ, мубориза бар зидди фурӯш ва бо мақсадҳои фаҳш истифода бурдани кӯдакон, хушунат нисбати занон, муҳоҷиратро баррасӣ менамоянд.

Читайте также