Суруду таронаи хуш ба дилҳо ҷо гирад…

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов). - Шоми 24 июн дар боғи сарсабзи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе консерти калони ҳунармандониовозадори шаҳри Маскав хотири тамошобинони сершумори пойтахтро болида доштанд. Бояд қайд кард, ки як гурӯҳ ҳунармандони Театри академӣ -мусиқииба номи К.С. Станиславскйи ва В.И. Немирович-Данченко, Театри калон, Театри миниатюраи Москва, ансамбли «Русская душа», инчунин ситораҳои эстрада ва сарояндагони эҷодиёти мардумии ин кишвар то дер гоҳ бо суруду навои дилошӯб ва рақсҳои дилнавози худ шоми ҳозиринро муаттар сохтанд. Хусусан ҳазлу шӯхӣ ва сурудҳои ҳаҷвии Ҳунарманди мардумии Россия Клара Новикова ва таронаҳои ба шавқушӯрорандаи сарояндаи машҳури эстрада, Ҳунарманди шоистаАнита Цойто дер гоҳ дар лавҳу хотири мардуми фарҳангпарвари мо боқӣ мемонад.

Читайте также