Коркарди байни қаторҳо хуб аст

Душанбе, 24 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқимаълумои Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ чорабиниҳои агротехникӣ нисбат ба нарм кардани бехиниҳолҳо ва ғизодиҳӣ ба онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин ноҳия соли ҷорӣ тибқи нақша дар майдони 14 ҳазору 729 гектар пахта кишт карда шудааст. Ҳоло дар асоси чорабиниҳои агротехникӣ дар майдони 14 ҳазору 66 гектар коркарди байни ҷӯякҳо анҷом додашуда, дар майдони 4 ҳазору 698 гектар ба пахтазор озуқадиҳии якум ба охир расонида шуд. Сабзиши пахта дар асоси талаботи агротехникӣ дар майдони 9 ҳазору 528 гектар хуб ба мушоҳида мерасад.

Читайте также