Дар Душанбе литсейи «Сомониён» сохта мешавад

Душанбе,20 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон литсейи «Сомониён» -ро месозад, ки он барои 350 нафар фарзандони муҳоҷири афғонӣ, ки муқими шаҳри Душанбе мебошанд, пешбинӣ мешавад. Дар робита дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ёддошти ҳусни тафоҳум ба тасвиб расид. Ин санади муҳими ҳамкориро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ дар ҳузури намояндагони вазоратҳои ҳар ду кишвар ба имзо расониданд.

Читайте также