Говҳои дӯшо зиёд мегардад

Душанбе, 19 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавре сардори шӯъбаи чорводорӣ ва зотпарварии Вазорати кишоварзӣ Аваз Ҳакимов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар давоми як сол саршумори гови дӯшо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Тоҷикобод 482 сар зиёд карда шудааст Соҳаи чорводорӣдар ноҳияи Тоҷикобод яке аз соҳаҳои пешрафта мебошад. Дар ин ноҳия 14 ҳазору 506 чорвои калон парвариш карда мешавад, ки аз ин8 ҳазору 640 сар гови дӯшо мебошад.Соли ҷорӣ то ин дам 1850 тонна шир истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 тонна зиёд аст.

Читайте также