Ҳосили хуб рӯёнда шуд

Душанбе, 17 июн.( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар ноҳияи Ҳисор соли равон аз майдони 7 ҳазору 787 гектар ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Айни ҳол аз майдони 92 гектар ҳосили хуби гандум ба даст омад. Ҳосилнокии ҳар як гектар ба 40 сентнер баробар аст. Ин беҳтарин нишондод дар байни ҳамаихоҷагиҳои зироаткор маҳсуб меёбад. Дар ноҳия аз заминҳои ҳосилаш ҷамъоваришуда ба миқдори 368 тонна гандуми аълосифат ба даст оварда шудааст.

Читайте также