Кишти такрорӣ давом дорад

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар заминҳои аз гандум холишудаи ноҳияи Шаҳритус кишти такрорӣдавом дода мешавад. Кишоварзони ноҳияи Шаҳритус кишти гандумро дар соли 2008 232 гектар нисбати соли гузашта зиёд намуданд. Дар ин ноҳия ҳосили хуби гандум ҷамъоварӣ мегардад. Деҳқонони ноҳия азҳар гектар гандумзор то 40- 45 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда истодаанд. Акнун дар заминҳои холишуда кишти такрории ҷуворимаккагузаронида мешавад, ки он ҳам ҳосили фаровон дода метавонад, иброз дошт муовини раиси ноҳияи шаҳритус Абдухолиқ Аббосов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Читайте также