Адвокат барои талаби пора дастгир гардид

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд «Ҳ» бо ариза муроҷиат намуда, арз кардааст, ки барои ҳалли парвандаи ҷиноии ӯ, ки дар суди ноҳияи Сино мавриди баррасӣ қарор дорад, адвокати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ширкати байналхалқии ҳуқуқии «Контракт» Гулсара Шарифова аз ӯ ба маблағи 400 доллари амрикоӣ талаб карда гирифта ва боз 1000 доллари дигарро ҳамчун пора тамаъ дорад.

Читайте также