Иҷрои нақша наздик аст

Душанбе, 11 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). - Дар вилояти Суѓд нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 бештарпилла супорида шудааст. Бино ба маълумоти аз Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла»-и Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба даст омада, то 11 июн дар ин вилоят ба миқдори 1071,8 тонна пилла омода карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 271, 1 тонна пилла зиёд аст. Дар ин вилоят чор ноҳия – Ашт, Спитамен, Ѓончӣ ва Конибодом нақшаи пилласупориро иҷро намуданд. Аз рафти пилласупорӣ маълум аст, ки пагоҳ ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров ҳам ба марра мерасад.

Читайте также