Қарзи 20 солаи бефоиз ба хизматчиёни ҳарбӣ

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Барои сохтмон ва харидани манзил ба мӯҳлати 20 сол ба хизматчиёни ҳарбӣ қарзи бефоиз дода мешавад. Ин масъала дарасоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»амалӣ гардонида мешавад. Лоиҳаи Қонуни мазкурро 4 июн вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қабул намуданд. Ин масъаларо вакили Маҷлиси намояндагон Мирзобек Ҳоҷиев шарҳ дода гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба марҳилаи навбатии зиёд карданимаоши хизматчиёни ҳарбӣ ва ислоҳоти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ марбут аст. Инчунин дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур бо сабаби бемории вобаста ба хизмат, пеш аз мӯҳлатаз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шудани хизматчиёни ҳарбӣ, ки тибқи қарордод хизмат мекунанд ва ба хизматчиёни дигари ҳарбӣ ба андозаи 12 маблағи маошашон ёрдампулиияквақтадода мешавад. Дар мавриди ҳалокати хизматчиёни ҳарбӣ бошад ба ҷои маблағӣ маоши 10 солаи хизматчии ҳарбӣ баробари маблағӣ маоши 80 моҳа ёрдампулӣ таъйин карда мешавад.

Читайте также