Ширкати «Таулинк» намояндагиашро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ширкати «Таулинк»- иҚазоқистон намояндагии худро дар Тоҷикистон таҳти унвони «Хушпазир» ифтитоҳ кард. Ширкати «Таулинк» дорои системаи автоматикунонидашуда оид ба қабули пардохтҳо буда, ду сол муқаддам, яъне соли 2006 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки пардохтҳоро қабул карда, ба воситаи терминалҳои дурдастба соҳибкорон фоидаи калон расонад. Роҳбари кулли ширкати мазкур Леонид Володов мегӯяд, кимақсади ширкати мо пешниҳодимаҳсулоти рақобатпазир ва технологияҳои олӣ, нақшаҳои тайёри тиҷоратӣ ба соҳибкорон мебошад, ки тамоми соҳаҳои манфиатдоррофаро мегирад. Ӯ меафзояд, ки ҳадафи таъсиси намояндагии ширкати «Таулинк» дар Тоҷикистон, на танҳо васеъ намудани доираи фаъолияти ширкат, балки ба соҳибкорон дастрас намудани дастовардҳои навтарини соҳаи технологияи пешрафта мебошад, ки яке аз омилҳои асосии рушди муносибатҳои иқтисоди бозаргонист.
Читайте также
- ФАО: Таджикистан сохраняет лидерство в регионе по детскому истощению на фоне снижения общего недоедания
- Миграция стала главной темой переговоров депутатов парламентов Таджикистана и России
- Председатель Национального комитета по правам человека Катара посетила Национальный музей Таджикистана
- Предприниматели Таджикистана и США обсудили перспективы инвестиционного сотрудничества в Вашингтоне
- «О проблемах чиновников говорил прямо при президенте». Таджикские сатирики вспоминают Бахтиёра Рахимова
- ЕЭК продлила до 2027 года нулевые ввозные пошлины на нефтепродукты