Истеҳсоли гандуми навъи «Ласточка» зиёд мегардад

Душанбе, 26 май. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сафари навбатии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмондар арафаи ҷамъоварии ғалла боиси рӯҳбаландиикишоварзон гардид. Бо супоришиСарвари давлат, ҳосилигандуми навъҳои «Ласточка»ва «Нота» - иноҳия пурра барои захираи тухмӣ ба хоҷагиҳои дигари тухмипарварии ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад. Аз рӯиҳисобҳои пешакӣ аз ин навъи гандуми дар хоҷагиҳои Ҳисор киштгардида, аз 90 то 110сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Деҳқонони ноҳияи Ҳисорин пешниҳоди Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Кишоварзони ноҳия баъди ҷамъоварии гандум, барои ҳосили дуюм дар майдони бештар аз ду ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронанд, ки ин дар амалӣ шудани барномаи иқтисодииикишвар хуб мусоидат мекунад.

Читайте также