Родмардони шуҷоъ хотироти худро ёдоварӣ намуданд

          Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ҷамъомади ботантана бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Қарчӣ Каримов иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҳорибаҳои Афғонистон, бартарафкунандагониоқибати фалокати Чернобилро табрик карда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори пурсаодат орзу кард. Вай зикр кард, ки халқҳои Шӯравӣ маҳз бо шарофати ҷасорату мардонагӣ, дӯстӣ ва фидокорӣ бар зидди Олмони фашистӣ мардонавор ҷангида, ғалаба ба даст оварданд.

Читайте также