Дар пойтахт 156 килограмм ангидриди кислота мусодира карда шуд

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ 18 июни соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, назди бинои сеёрошёнаи «Пойтахт-80» мошини тамғаи «Mercedes-Benz», рақами давлатиаш АТ 7964 РТ 01-ро ки ронандааш Ҳабибулло Каримови 52-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Бухоро 50-и пойтахт буд, мавриди санҷиш қарор доданд.

Читайте также