Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд шуданд
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). - Афзудани пасандозҳо аз баланд шудани эътимод ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). - Афзудани пасандозҳо аз баланд шудани эътимод ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Аз рӯи иттилои хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин кор фаъолияти босамари ташкилотҳои қарзӣ ва кафолате, ки Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон пешниҳод менамояд, нақши калон мебозад.
Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи марти соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз афзун гашт.
Тавре ки таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, 35,6 фоиз ё 1 млрд. 769,7 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,4 фоиз ё 3 млрд. 205,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳад.
Аз рӯи иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,12 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,88 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Читайте также
- Эмомали Рахмон открыл Национальный стадион в Душанбе на 30 тысяч мест
- Пекин выступает против односторонних санкций США против Ирана и его сторонников
- Генерал Ибн аль-Реза: Мы не допустим агрессии против Ирана
- Как таджикистанцам поступить по стипендиальным программам в вузы Узбекистана?
- Узбекистан и Казахстан усиливают конкуренцию за статус ключевого авиационного хаба Центральной Азии
- Таджикистан и Туркменистан укрепляют сотрудничество в сельском хозяйстве, энергетике и логистике