Рахмон пригласил короля Иордании в Таджикистан

Сюжет Эмомали Рахмон посетит Казахстан с официальным визитом 5–7 ноября 9 материалов → Рахмон пригласил короля Иордании в Таджикистан

Эмомалӣ Раҳмон дар Остона бо подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II мулоқот карда, ӯро ба Тоҷикистон даъват намуд; ҷонибҳо ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти «Раванди Ақаба» таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II мулоқот намуд, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ, инчунин аҳамияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ ва робитаҳои байнипарлумониро муҳим арзёбӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки фаъол намудани абзорҳои дуҷониба, аз қабили машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамчунин доир ба ташаббуси Урдун ҷиҳати роҳандозии «Раванди Ақаба» ва ҳамдастии ду кишвар дар роҳи татбиқи босамар ва бехатари зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот доир ба авзои кунунӣ дар Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақаи ҳассос машварат доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II-ро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб таклиф кард.

Фоторепортаж

Упомянуты

Читайте также