Қӯшунҳои дохилӣ 15-сола шуд
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯз дар қисми низомии 5453-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 15 - умин солгарди таъсиси қӯшунҳои дохилии ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия Маҳмадназар Солеҳов, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва собиқадорони қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд. Маҳмадназар Солеҳов дар баромади худ дар бораи роҳи тайнамудаи сарбозону кормандони қӯшунҳои дохилӣ ва саҳми онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сухан кард. Бахшида ба ин ҷашн ба як қатор кормандону сарбозони қисмҳои низомии Вазорати корҳои дохилӣ ордену мукофотҳо супурда шуд.
Читайте также
- Доля Китая в торговом обороте ЕАЭС превысила 40%
- Таджикистан и Зеленый климатический фонд обсудили новые проекты
- Почему в сельском хозяйстве Таджикистана не сложилась полноценная модель управления
- В Душанбе 18-летнюю девушку арестовали на пять суток за непристойные публикации
- Таджикские студенты имеют право работать в России в летние каникулы
- В Душанбе подписано инвестиционное соглашение о строительстве предприятия по переработке сурьмы