Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ҳайати меҳмононро муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҳамроҳӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои муҳими мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷиконро тамошо карданд.
Ҳамчунин ба меҳмонон оид ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Баъди тамошои осорхона Ираклий Кобахидзе аз сатҳи баланди ташкилу баргузории намоишгоҳҳо, муҳтавои ғанӣ ва тарҳу пешниҳоди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» навишт.
Ёдовар мешавем, ки 19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
19 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе баргузор гардид.
Дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшад.
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности