Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар «Dushanbe EXPO»-и шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар «Dushanbe EXPO»-и шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Меҳмонон зимни боздид аз гӯшаҳои намоишгоҳ, ки дар онҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаи беш аз 100 ширкату корхонаҳои бонуфузи истеҳсолию саноатии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда буданд, шинос гардиданд.
Муаррифии иқтидори истеҳсолию саноатии Тоҷикистон ба ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Гурҷистон, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкории соҳибкорон ва рушди содироту воридоти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар, аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ буд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ ба таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, густариши робитаҳои байни соҳибкорон ва рушди содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистон ва Гурҷистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар маҷмуъ намоишгоҳ ҳамчун заминаи мусоид барои муаррифии иқтидори истеҳсолии кишварҳо ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе байни ду давлат 11 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расонида шуд, ки заминаи ҳуқуқии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Гурҷистонро тақвият медиҳанд.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности