Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар шаҳри Винтертур бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар чаҳорчӯби вохӯрӣ имконият ва зарфиятҳои Тоҷикистон дар бахши нассоҷӣ муаррифӣ гардида, инчунин ҷонибҳо дар мавриди густариши ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди кори ширкат ва намунаҳои дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолнамудаи ширкати Rieter AG шинос шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
Упомянуты
Читайте также
- Иран вступил в WAICO и намерен войти в топ-10 по ИИ к 2032 году
- Иран и Кыргызстан договорились расширять торговое и горнодобывающее сотрудничество
- Национальный центр тестирования сообщил, какие специальности абитуриенты предпочитают больше
- Прием копий верительных грамот представителя ЮНИСЕФ в Таджикистане
- Восстановление после войны стимулирует расширение нефтехимической отрасли Ирана
- Узбекистан и ЕАЭС намерены упростить таможенные процедуры