Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026/АМИТ «Ховар»/. Таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз масъалаҳое буд, ки дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини
ДУШАНБЕ, 20.06.2026/АМИТ «Ховар»/. Таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз масъалаҳое буд, ки дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Раҷабӣ дар шаҳри Бишкек қарор гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқот дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, доир гардид.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин ҳамсуҳбатон оид ба натиҷаҳои ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, ибрози назар намуданд.
Дар ин замина, аҳамияти татбиқи саривақтии тавофуқоти ҳосилшуда ва пешбурди иқдомҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ таъкид гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон