Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 20 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент, дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ноҳияи Кӯшониён баргузор мешаванд.

Дар ин рӯз кишоварзону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсули дасти худро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд. Санъаткорон бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ ба ин чорабинӣ фазои идона мебахшанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуда истодаанд.

Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.

Читайте также